20 апрели соли 2022 дар шаҳри Боку бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дастгирии Мамнӯъгоҳи давлатии таърихию меъмории «Ичери Шеҳер» дар “Хонаи аксҳои Боку” ба муносибати 30-умин солгарди барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон намоишгоҳи аксҳо таҳти “Тоҷикистон - кишвари қуллаҳои кӯҳӣ ва кӯлҳои заррин” ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ вакилони Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойчон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони ҳайати дипломатии муқими Боку, доираҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории Озарбойҷон ва расонаҳои кишвари маҳалли иқомат ҳузур доштанд.
Директори Маркази осорхонаи “Ичеришеҳер” Амина Меликова, Роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойчон Айдин Мирзазаде ва аксбардори машҳури ҷаҳон Реза Дегатӣ ба сифати меҳмонони фахрӣ суханронӣ карданд.
Сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ дар рафти суханронии хеш баргузории ин намоишгоҳро дар муаррифии имкониятҳо ва зебоиҳои Тоҷикистон ва таҳкими равобити Тоҷикистону Озарбойҷон ва мардумони минтақа муҳим арзёбӣ карда, аз фарҳанги пурғановат, санъату ҳунари волои мардуми тоҷик, рушду пешрафти иқтисоди кишвар ва дар бораи минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон сухан ронд.
Дар анҷом, Сафир ҳозиринро барои ба Тоҷикистон сафар кардан ва пайдо намудани имконияти дидани манзараҳои зебои кишвар.
Ба иштирокчиёни намоишгоҳ ҳамчунин филми кӯтоҳ дар бораи зебоии бебаҳои қуллаҳои кӯҳӣ, рӯдхонаҳои пуроб, кӯлҳои покиза ва дигар мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон намоиш дода шуд.
Намоишгоҳи “Тоҷикистон – кишвари қуллаҳои кӯҳӣ ва кӯлҳои заррин” дар “Хонаи аксҳои Боку” то 25 апрели 2022 идома меёбад.