5 марти соли 2025 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон бо қароргоҳ дар Боку Илҳом Абдураҳмон ба муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Георгий Зурабашвили нусхаи эътимодномаи худро супорид.
Пас аз супоридани нусхаи эътимоднома, мулоқоти Сафир бо муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масоили муҳимми рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистону Гурҷистонро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.