Раводид

24.08.2020 15:52

Раводид

Раводид чист?

Раводид - иҷозатест, ки ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқи убури Сарҳади давлатиро бо мақсади ворид гардидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба таври транзитӣ гузаштан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давоми муҳлати дар раводид зикргардида медиҳад.

«Раводид» аз «раводиди электронӣ» чӣ фарқ дорад?

Раводид дар қоғази махсуси дорои хусусиятҳои ҳимоявӣ аз сохтакорӣ (қалбакикорӣ) дар намуди тамғақоғаз гузошта мешавад, ки он дар саҳифаи махсусан ҷудокардашуда барои раводид дар шиноснома ва ё дигар ҳуҷҷати онро ивазкунанда насб карда мешавад. Чунин категорияи раводидро раводиди стандартӣ ё стикерӣ низ мегўянд. Шурўъ аз 1 январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи иттилоотии электронӣ барои додани дархост ба гирифтани раводид ба роҳ монда шуд. Дархостҳо барои гирифтани раводиди стандартӣ ба сомонаи инернетии www.visa.gov.tj. дода мешаванд.

Категорияҳои раводид:

- Дипломатӣ;

- Минтақаи озоди иқтисодӣ;

- Транзит;

- тиҷоратӣ;

- Табриқӣ;

- Намояндаи ВАО-и хориҷӣ;

- Гуманитарӣ;

- Истиқомати доимӣ;

- Нақлиётӣ;

- донишҷӯӣ;

- Хизматӣ;

- Меҳнатӣ;

- Хусусӣ;

- Сармоягузорӣ;

- Сайёҳӣ.

Барои гирифтани раводид марҳилаҳои зеринро иҷро намоед:

ҚАДАМИ 1

Анкетаро хонапурӣ карда, ҳуҷҷатҳои заруриро дар сомонаи зерин www.visa.gov.tj замима намоед.

• Шиносномаи пешниҳодшаванда  бояд ҳадди аққал ду варақи холӣ барои гузоштани раводид дошта бошад;

• Шиноснома бояд на камтар аз шаш моҳ аз мӯҳлати раводиди дархостшуда эътибор дошта бошад.

ҚАДАМИ 2

Вақте ки Шумо паёми электронӣ дар бораи он, ки "дархости шумо қаблан тасдиқ шудааст" қабул мекунед, лутфан дастурҳои зеринро иҷро кунед:

• Бо сафорат / консулгарӣ тамос гиред ва вақти ҳозир шуданатонро мувофиқа намоед

• Дар рӯзи мувофиқашуда ба Сафорат / консулгарӣ тасдиқи вақти мувофиқашуда, тасдиқномаи қабулшудаи дархости раводид) ва аризаву нусхаҳои ҳуҷҷатҳоро ҳамроҳ бо шиносномаи худ биёред;

• Ҳангоми ташриф ба Сафорат / консулгарӣ аз Шумо изи ангуштонатонро гирифта, аксбардорӣ хоҳед шуд.

• Довталабони зерин аз додани изи ангуштон озод ҳастанд:

1) Дипломатҳо;

2) Кӯдакон.

ҚАДАМИ 3

• Пас аз қабули қарор оиди судури раводид, он барои гирифтан омода карда мешавад

• Аз Шумо дархост карда мешавад, ки ҳаққи раводидро тибқи категорияи  

  интихобкардаатон, пеш аз гирифтани шиноснома пардохт намоед

• Шумо бояд шиносномаи худро аз Сафоратхона шахсан гиред.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи тартиби раводид, лутфан бо шӯъбаи консулии Сафорат тамос гиред.

Рӯзҳо ва соатҳои кории консулӣ: рӯзҳои душанбе то ҷумъа, аз соати 10:00 то 12:00 ва 15:00 то 17:00.

Телефон: (+994 12) 502-14-32

Почтаи электронӣ: tajembbaku@mfa.tj

 

Визаи электронӣ

Визаи электронӣ чист ва онро чӣ тавр дарёфт кардан мумкин аст?

Раводиди электронӣ ҳуҷҷати расмиест, ки барои воридшавӣ ва саёҳат дар ҳудуди Тоҷикистон иҷозат медиҳад. Барои раводиди электронӣ ба сайти www.evisa.tj муроҷиат кунед. Пас аз он ки аризаи Шумо бомуваффақият баррасӣ шуд, раводиди электронӣ ба Шумо тариқи номаи электронӣ фиристода мешавад.

Эзоҳ: Ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки Сафорати Тоҷикистон дар баррасии дархостҳои раводиди электронӣ иштирок намекунад. Сафорат танҳо раводидҳои стандартиро судур мекунад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg