11 декабри соли 2017 дар шаҳри Ашқобод ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ зери унвони “Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA): 10 соли ҳамкорӣ баҳри сулҳ ва рафоҳати минтақа” иштирок намуданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода муаррифӣ кард ва зимни суханронӣ роҷеъ ба таҷрибаи 10-солаи хамкории густурда ва босамари кишварҳои минтақа дар доираи UNRCCA, инчунин самтҳои мубрам ва афзалиятноки талошҳои ҳамоҳангшуда ва муштарак, ки барои таҳкими амният ва рушди устувори Осиёи Маркази равона шудаанд, изҳори назар намуд.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ҳамзамон аз иштирокдорони ҳамоиши мазкур даъват ба амал овард, то дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд вобаста ба Дахсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки қарор аст, мохи июни соли 2018 дар шахри Душанбе баргузор гардад, иштирок намоянд.
Ҳайати Ҷумхурии Тоҷикистон ҳамчунон дар конфронси байналмилалӣ зери унвони “Сиёсати бетарафӣ ва дипломатияи боздоранда дар муносибатҳои байналмилалӣ: нақш ва таҷрибаи Туркманистон” ширкат намуд.
Дар кори ин ҳамоишҳо Сафири Фавкулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода низ иштирок кард.