Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Туркманистон

24.05.2017 16:35

24 майи соли 2017 дар шаҳри Ашқобод мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири фарҳанги Туркманистон Шамирадов Атагелди Аширович баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, суҳбат намуданд. Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, баргузории барномаҳои консертӣ, намоишҳои санъати тасвирӣ ва аксҳои “Тоҷикистони муосир”, муд ва либосҳои миллӣ, “Китоби Тоҷикистон” ва филмҳои тоҷикӣ ба нақша гирифташудааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg