Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо  Раиси Биржаи давлатии (бозори) мол ва ашёи хоми Туркманистон ва Раиси Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорон

30.05.2017 16:27

30 майи соли 2017 дар шаҳри Ашқобод мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода бо Раиси Биржаи давлатии (бозори) мол ва ашёи хоми Туркманистон Ишанов Амандурди Бекдурдиевич баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши робитаҳои иқтисодӣ- тиҷоратии байни ду кишварро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Худи ҳамон руз вохӯрии Сафир Фаррух Ҳомиддин Шарифзода бо Раиси Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон Дадаев Александр Сахатович доир гардид.

Ҷонибҳо масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, текстил, хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва кимиёвӣ, коркарди маҳсулоти нафтӣ, кишоварзӣ, иштирок дар пружаҳои манзилӣ, иншоотҳои фароғатӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва маҳсулоти сохтмонӣ, ташкил намудани бизнес-форум бо соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Туркманистонро муҳокима намуданд.

Рӯзи 12 июни соли ҷорӣ як гурӯҳи аъзоёни Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон  ҷиҳати шиносои бо фазо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба Душанбе сафар менамоянд.

Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон  соли 2008 таъсис ёфта  16000 ҳазор аъзо дорад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg