24 январи соли 2017 дар Қасри Президенти Туркманистон маросими супоридани Эътимодномаи Сафири навтаъини Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух Ҳомиддин ба Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов баргузор гардид. Сафири навтаъини Тоҷикистон ба президенти кишвари дӯсти Туркманистон салому паёмҳои бародаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, изҳор намуд, ки мардуми тоҷику туркман тайи асрҳо дар як минтақа дар фазои дӯстию бародарӣ кору зиндагӣ менамоянд. Қайд карда шуд, ки тайи солҳои истиқлолият ин муносибатҳо боз ҳам ривоҷ ёфт. Таҳкурсии ин дўстии бародаронаро Роҳбарони ду мамлакат гузоштаанд. Барои таҳкиму мустаҳкам намудани равобити минбаъдаи иқтисодию сиёсӣ,илмию фарҳангӣ имкониятҳои зиёде мавҷуданд, ки истифодаи онҳо барои пешрафти ду кишвар манфиатҳои зиёд доранд.
Зимни суҳбат, ки дар фазои хеле самимӣ баргузор гардид Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва Сафири навътаини Ҷумҳурии ТоҷикистонШарифзода Фаррух Ҳомиддин масъалаҳои вобаста ба рушди лоиҳаҳои дуҷониба ва минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд. Қайд карда шуд, ки татбиқ намудани лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон на танҳо ба рушди иқтисодии кишварҳои аъзои лоиҳа, балки ба рушди ҳамкориҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири мусбати худро мерасонад.
Дар рафти вохўрӣ Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов салому таманниёти беҳтаринро ба Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ - Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, ба сафири Тоҷикистон дар роҳи таъмини муносибатҳои боз ҳам хубтари Туркманистону Тоҷикистон барору комёбиҳо орзу намуд.
Худи ҳамон рўз пас аз нисфирўзӣ дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ маросими супоридани нусхаҳои Эътимодномаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Шарифзода Фаррух Ҳомиддин ба Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов низ баргузор гардид.
Зимни мулоқоти Вазир бо Сафири навтаъин ҷонибҳо роҷеъ ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни байни кишварҳо изҳори назар намуданд.