26-27 январи соли 2017 дар ш.Ашқобод 7-ум Ҷаласаи комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон Туркманистон бо роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва Вазири молияи Туркманистон Мухамметгулӣ Мухаммедов барпо гашт.
Дар рафти Ҷаласа масъалаҳои мухталифи рўзмарра, аз ҷумла тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардўстона, энергетика, маориф, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, тандурустӣ, варзиш ва туризм баррасӣ гардида, ҷиҳатӣ мусоидат намудан ба рафту омади шаҳрвандони ду кишвари дўсту бародар тавассути ба роҳ мондани хатсайри ҳавоӣ ва муайян намудани истгоҳи роҳи оҳан дар қаламрави Туркманистон баррасӣ гашт.
Дар ҳошияи Ҷаласаи мазкур мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири энергетикаи Туркманистон баргузор гашт.
Зимни он ҷонибҳо масоили марбут ба имконияти татбиқ намудани лоиҳаҳои муштараки энергетикиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

