21 феврали соли 2017 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши Намояндагии СММ дар Ашқобод вохўрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Ҳамоҳангсози доимии СММ, Роҳбари навтаъини ин Намояндагӣ хонум Елена Панова баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории СММ ва ниҳодҳои он бо Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамкорӣ дар чаҳорчўби қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028», вазъияти фавқулоддаи ба амал омада дар минтақаҳои осебдида аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва оид ба рафти татбиқи барномаҳои СММ дар Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
