1 майи соли 2017 дар шаҳри Ашқобод дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” мулоқоти С. Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор шуд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва фарҳангию башарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавии ду кишвар табодули назар сурат гирифт.
