Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ дар Ашхобод

14.09.2026 08:52

11 сентябри соли 2026 дар шаҳри Ашхобод ҷаласаи 111-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода иштирок намуд.

Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи ИДМ табодули афкор намуда, лоиҳаҳои санадҳоеро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона гардидаанд, баррасӣ карданд ва оид ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Инстаграм: https://www.instagram.com/tajembashgabat/

Мо дар Фейсбук: https://www.facebook.com/tajembashgabat

Мо дар Твиттер: https://x.com/Tajembashgabat

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg