
5 сентябри соли 2026 дар рӯзномаи асосии ҳамарӯзаи давлатии Туркманистон - «Туркманистони бетараф» мақолаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо таҳти унвони «Роҳи сулҳ, созандагӣ ва рушди устувор», бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид.
Дар мақола рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастовардҳои кишвар ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ инъикос ёфтаанд.
Ҳамзамон, дар мақола вазъи кунунӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон, инчунин саҳми роҳбарони ду давлат дар рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дарҷ гардидааст.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Инстаграм: https://www.instagram.com/tajembashgabat/
Мо дар Фейсбук: https://www.facebook.com/tajembashgabat
Мо дар Твиттер: https://x.com/Tajembashgabat