Брифинг доир ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ

10.07.2026 11:15

9 июли соли 2026 дар Ашқобод брифинг доир ба қабули қатънома бо ташаббуси Тоҷикистон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (солҳои 2027–2036) аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок карданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо дар суханронии худ аҳамияти хоси ин рӯйдодро таъкид намуда, зикр кард, ки ташаббускори ин санади муҳими байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин аз эътирофи сиёсати пайгирона, созанда ва дурбинонаи сулҳпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад, ҳамчунин аз эътимоди баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Тоҷикистон, ки ба таҳкими сулҳ, амният ва рушди устувор равона шудаанд.

Ҳамзамон, сафир таъкид намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда имкониятҳои навро барои ҳамкории амалӣ фароҳам меорад. Дар солҳои наздик баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, барномаҳои таълимӣ, таҳқиқоти илмӣ, форумҳои ҷавонон, чорабиниҳои фарҳангӣ ва лоиҳаҳои муштарак, ки ба пешбурди арзишҳои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ равона шудаанд, нақши муҳим хоҳанд бозид.

Дар ҷараёни чорабинӣ, инчунин намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ/UNDP) дар Туркманистон Нарине Саакян суханронӣ намуда, аҳамияти қатъномаи қабулшударо зикр кард ва мубрамияти онро дар заминаи талошҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати таҳкими сулҳ, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ таъкид намуд.

Ҳамчунин дар қатори суханварон cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Туркманистон Ҷи Шумин суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ, сафири Чин аҳамияти ин ташаббусро тазаккур намуда, саривақтии онро қайд кард.

 

Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Инстаграм: https://www.instagram.com/tajembashgabat/

Мо дар Фейсбук: https://www.facebook.com/tajembashgabat

Мо дар Твиттер: https://x.com/Tajembashgabat

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg