Дурнамои ҳамкории байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи ЮНЕСКО баррасӣ шуд

09.06.2026 11:03

9-июни соли 2026 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Мяхри Башимова ва Котиби Комиссияи миллии Туркманистон оид ба ЮНЕСКО Чинар Рустамова баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО)-ро баррасӣ карданд.

Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон иштирокчиёни фаъоли ҳамкории байналмилалӣ дар ҳифз ва таблиғи мероси фарҳангии ғайримоддӣ мебошанд. Ҷонибҳо аҳамияти тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи механизмҳои дахлдори ЮНЕСКО-ро таъкид карданд.

Дар бораи имкониятҳои дастгирии мутақобила дар доираи Кумитаи байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Пас аз мулоқот, ҷонибҳо ӯҳдадории худро барои рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, тасдиқ карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg