23-уми майи соли 2026 дар варзишгоҳи шаҳри Ашхобод бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва ҳамватанони брунмарзӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии футбол бозии дӯстона баргузор гардид.
Ёддовар мешавем, ки 7-уми майи соли 2024 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси пешниҳод ва ташаббуси варзишпарваронаи Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қатъномаи махсусро оид ба эълон намудани 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд.
Ин иқдом аҳаммияти ҷаҳонии футболро ҳамчун воситаи таҳкими дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва рушди ҳамкории варзишӣ байни давлатҳо бори дигар ба таври расмӣ таъкид менамояд.