12 майи соли 2026 дар Сафорат вохӯрӣ бо ҷавонон - донишҷӯён ва инчунин омӯзгорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои иштирок дар озмуни III байналмилалӣ таҳти унвони “Муносибатҳои байналмилалӣ: фарҳанги муколамаи сулҳҷӯёна”, ки аз ҷониби Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон ташкил гардида буд, ба шаҳри Ашхобод ташриф оварда буданд, баргузор гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо иштирокчиёни озмунро ба муносибати фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои иштирок дар мусобиқа барору комёбиҳо таманно намуда, дар суханронии худ қайд намуданд, ки аҳамияти таҳсил ва омӯзиши фанҳои гуногун ба ҷавонон имкон медиҳад, ки ба нерӯи пешбарандаи рушд табдил ёфта, иқтидори зеҳнии давлатро рушд диҳанд ва нуфузи онро дар саҳнаи байналмилалӣ афзоиш диҳанд.
Зимни сӯҳбат роҳбари Намояндагӣ дар бораи сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони кишвар ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои гирифтани дониш ва амалӣ кардани иқтидори он қайд намуданд.