Дар Ашхобод брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии об баргузор гардид

01.05.2026 10:36

29 апрел соли 2026 дар Ашқобод брифинг оид ба омодагӣ барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи “байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018–2028, ки аз 25 то 28 май дар Душанбе баргузор мешавад, доир гардид.

Дар ин чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва инчунин намояндагони ВАО иштирок карданд.

Дар суханронии худ, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон, Ниятбекзода Вафо, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии об қайд кард ва ҳамчунин маълумот дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва инчунин раванди обии Душанбе пешниҳод гардид.

Дар брифинг муҳокимаи муфассали ҳадафҳо ва рӯзномаи конфронси дарпешистода, имкониятҳои баргузории чорабиниҳои иловагӣ ва намоишгоҳ, инчунин ҷанбаҳои логистикӣ ва ташкилии иштирок пешниҳод карда шуд.

Дар хотима, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, Ниятбекзода Вафо, ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ва намояндагони кишварашонро барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 даъват кард.

 

1. https://turkmenportal.com/.../100825-v-ashhabade-proshyol...

2. https://turkmenistaninfo.gov.tm/.../v-ashkhabade...

3. https://www.newscentralasia.net/.../posolstvo.../

4. https://tmcars.info/.../v-ashhabade-obsudili-podgotovku-k...

5. https://takyk.com.tm/.../briefing-held-in-ashgabat-on-the...

6. https://turkmenistan.gov.tm/.../v-ashhabade-obsudili...

7. https://arzuw.news/v-ashhabade-proshjol-brifing-po...

8. https://terra-news.ru/.../v-ashhabade-obsudili-podgotovku...

9. https://vestiabad.ru/.../asxabad-prinial-brifing-o...

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg