
29 апрели соли 2026 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, Ниятбекзода Вафо бо муовини раиси Девони Вазирони Туркманистон оид ба нақлиёт ва коммуникатсия Аннаев Батир Амангелдиевич баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва имкониятҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёт ва боркашонӣ муҳокима карданд. Ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсия баррасӣ шуд.
Мулоқот дар фазои дустӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.