
15 апрели соли 2026 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо сафири навтаъини Ҷумҳурии Корея дар Туркманистон Ли Вон-дже мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои Тоҷикистону Корея мавриди баррасӣ қарор дода, раванди мусбати рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар тамоми самтҳои ҳамкории мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, бо қаноатмандӣ таъкид карданд.
Вохӯрӣ дар фазои дустӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.