27 марти соли 2026 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон чорабинӣ, бахшида ба таҷлили Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ, бо иштироки ҳамватанони бурунмарзии кишвари иқомат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ баргузор намуд.
Сафорат гӯшаи намоиши “Суфраи наврӯзӣ” бо ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, кандакорӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ, бофандагӣ ва ресандагӣ, асбобҳои мусиқӣ, инчунин китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маводди сайёҳӣ, хӯроку қаннодии анъанавии миллӣ бо шукуҳи хоса ороиш дода шуд, ки аз ҷониби меҳмонон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳои баланд гирифт.
Ҳамзамон, дар хони наврӯзии “Ҳафтсину ҳафтшин” (суманак, сабза, себ, санҷид, сир, сипанд, самбӯса, шарбат, шакар, ширинӣ, ширбиринҷ, шир, шамъ бо шамъдон, шона) оро доданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо дар суханронии шодбошии худ қайд кард, ки мардуми тоҷик Рӯзи Наврӯзро чун ҷашни фархунда, рамзи меҳру муҳаббату садоқат ба таърихи ниёгон таҷлил менамояд.
Сипас, Сафири Тоҷикистон бобати таърихи Наврӯз сухан ронда гуфт, ки Наврӯз ҷашни дӯстӣ, сулҳ, покизагӣ ва эҳёи табиат мебошад, ки дар даврони истиқлоли кишвар ба сатҳи сифатан нав боло рафта, дар ҳамоҳангӣ бо дигар тадбирҳои ҳувиятсоз, сол то сол ғанитару бошукуҳтар мегардад.
Ҳамчунин, Сафир таъкид кард, ки ба шарофати заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омилҳои муассиру тавонои пояндагии миллати мо мавҷудияти силсилаҷашнҳои аҷдодӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон эҳё гардиданд.
Сурайё Дӯстмуродзода, узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамагонро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз муборакбод намуда, дар суханронии худ нақши муҳими Сарвари давлат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар нигоҳ доштани сулҳу субот, ки асоси рушд ва шукуфоии босуръати кишвари азизамон аст, қайд намуд.
Дар рафти чорабинӣ барномаи фарҳангӣ-консертӣ пешкаши ҳозирин гардида, чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва руҳияи идона ҷамъбаст гардид.