14 майи соли 2026 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазир-роҳбари Котиботи Конфронс Саноӣ Бойзода дар робита ба корҳои омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» (ш. Душанбе, 25-28 майи соли 2026) брифинг баргузор шуд.
Дар брифинг ба роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар, мақомоти давлатӣ ва инчунин васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ маълумоти муфассал оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси чоруми оби Душанбе манзур гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan