12 ноябри соли 2025 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо сафири навтаъини Ҳиндустон дар Туркманистон Бандару Вилсонбабу мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро мавриди баррасӣ қарор дода, раванди мусбати рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар тамоми самтҳои ҳамкории мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, бо қаноатмандӣ таъкид карданд.
Вохӯрӣ дар фазои дустӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.
