Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

05.11.2025 14:24

5 ноябри соли 2025 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 6 ноябр дар саросари кишварамон ҷашн гирифта мешавад, баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо дар суханронии худ оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули ин санади тақдирсоз зикр карда, оид ба иродаи қавии мардуми тоҷик дар роҳи бунёди сутунҳои устувори давлати демократӣ, дунявӣ ва ягонаи муосири хеш таъкид намуд.

Сипас, кормандони Сафорат ба ҷамъшудагон маълумоти мухтасар дар бораи таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридсозии тағйиру иловаҳо ва хусусиятҳои барҷастаи он, ки асосҳои ташаккули рукнҳои пойдори давлатдорӣ ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрванди кишварамонро тавзеҳ додааст, пешниҳод намуданд.

1.jpg

2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg