Мулоқоти сафир бо вазири сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Арабӣ

06.10.2025 19:40

6 октябри соли 2025 дар шаҳри Абу Забӣ мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ашрафҷон Гулов бо вазири сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Муҳаммад Ҳасан Ас-Сувайдӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба самтҳои калидии ҳамкорӣ, бахусус ҷалби сармояи мустақим ва ғайримустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ташкили ҳамоишҳои сармоягузорӣ ва рушди шарикӣ миёни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусии ҳар ду кишвар, табодули назар карда, баргузории даври навбатии Форуми байналмилалии сармоягузории Душанберо барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд муҳим арзёбӣ намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg