2 октябри соли 2025 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (бо қароргоҳ дар Қоҳира) Парвиз Мирзозода ба Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса эътимоднома супорид.
Зимни ин маросим сафир дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ расонид.
Сирил Рамафоса сафири Тоҷикистонро ба муносибати оғози фаъолият табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan