Маросими супоридани эътимодномаи сафири Тоҷикистон

04.10.2025 11:38

04.10.2025.11.38.png

3 октябри соли 2025 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам (қароргоҳ дар Пекин) Саидзода Зоҳир ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг эътимодномаи хешро супорид.

Зимни маросими супоридани эътимоднома сафир дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам расонид.

Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ба муносибати оғози фаъолият сафири Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg