Машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия

02.10.2025 20:48

2 октябри соли 2025 дар шакли маҷозӣ машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия оид ба таъмини иттилоотии фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва кор бо ВАО дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои марбутаи мақоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба дар ин самт, бо таваҷҷуҳ ба таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар соҳаи сиёсати иттилоотӣ табодули афкори пурмуҳтаво доир карда, дар мавриди идомаи тамосҳои мунтазам ба мувофиқа расиданд.

Машваратҳо дар руҳияи ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg