2 октябри соли 2025 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо Роҳбари Китобхонаи давлатии Маркази давлатии фарҳангии Туркманистон Лачин Нурмухаммедова баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҳамсӯҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар соҳаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ, хусусан дар самти табъу нашр ва китобдорӣ баррасӣ карда, оид ба имкониятҳо ва роҳҳои боз ҳам тақвият бахшидани додугирифти мутақобила ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, аз номи Сафорат ба Китобхонаи давлатии Туркманистон як қатор китобҳо оид ба Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон тақдим карда шуд.



