Иштироки сафир дар Конфронси “Ҳамкории байналмилалӣ: кафили таҳкими сулҳ ва рушди устувор”

01.10.2025 09:08

30 сентябри соли 2025 сафири фавқулода ва мухтори

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вафо Ниятбекзода дар Конфронси “Ҳамкории байналмилалӣ: кафили таҳкими сулҳ ва рушди устувор”, ки дар бинои Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон дар шаҳри Ашхобод баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ, сафир ташаббусҳо ва авлавиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардиданд, қайд намуда, дар ин замина оид ба шабеҳ будани бархурдҳо ва принсипҳои истиқрори ҳамкорӣ аз ҷониби Тоҷикистону Туркманистон дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ таъкид кард.

baromad-dar-Konfrons-1.jpg

baromad-dar-Konfrons-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg