Дар Ашхобод 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд

15.09.2025 14:33

13 сентябри соли 2025 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон маҳфили ҷашнӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки кормандони Намояндагии дипломатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ доир гардид.

Чорабинии тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфта, сипас сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо ба ҷамъшудагон оид ба нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории истиқлоли кишвар, таъмини соҳибихтиёрӣ ва ташаккули рукнҳои давлатдории тоҷикон таъкид намуда, дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар муддати 34 соли истиқлоли давлатӣ маълумоти муфассал дод.

Дар рафти чорабинӣ суруду шеърҳои ватандӯстиву ватанпарварӣ хонда шуда, ба ҳамватанон номинаҳои санъату ҳунарҳои анъанавии тоҷикон, аз қабили чакан, атлас, зардӯзӣ, кундал, зарфҳои гилӣ, либосу кулоҳ, инчунин таомҳои миллӣ, пешкаш гардиданд.

IT-1.jpg

IT-2.jpg

IT-3.jpg

IT-4.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg