Вохӯрӣ бо сафири навтаъини Чин дар Туркманистон

12.09.2025 10:15

11 сентябри соли 2025 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо сафири навтаъини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Туркманистон Тзси Шумин мулоқот намуд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои Тоҷикистону Чинро, ки бо сатҳи баланди шарокат тавсиф мешавад, мавриди баррасӣ қарор дода, раванди мусбати рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар тамоми самтҳои ҳамкории мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, бо қаноатмандӣ таъкид карданд.

Махсусан, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ба ҳамтои чинии хеш миннатдориро барои фаъолияти самараноки тӯлонӣ ба ҳайси сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон иброз намуд.

Вохӯрӣ дар фазои дустӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.

11-09.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg