Дар Ашхобод мақола бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуд

09.09.2025 14:07

9 сентябри соли 2025 дар рӯзномаи асосии ҳамарӯзаи давлатии Туркманистон “Туркманистони бетараф” мақолаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо таҳти унвони “Ҳамкории шарикони стратегӣ”, бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашр гардид.

Дар мақола маълумоти муфассал оид ба ташаккули Тоҷикистони соҳибистиқлол, шарҳи дастовардҳо ва ҳадафҳои стратегии дар назди давлат гузошташуда, инчунин дар бораи заҳмату талошҳо ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ростои таъмини соҳибихтиёрӣ ва пойдории рукнҳои давлатдории тоҷикон оварда шудааст.

Ҳамзамон, дар мақола иттилоот вобаста ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар замони муосир, соҳаҳои афзалиятноки шарокат ва инчунин оид ба нақши роҳбарони ду давлат дар таъмини рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни онҳо, дарҷ гардидааст.

stat-ya-34-letie.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg