26 апрели соли 2025 дар рӯзномаи асосии ҳамарӯзаи давлатии Туркманистон “Туркманистони бетараф” мақолаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон таҳти унвони “Тоҷикистон ба чорабиниҳои сатҳи баланд омодагӣ мебинад” вобаста ба ташаббуси Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва маълумот оид ба чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд, ки дар доираи ин ташаббус ба нақша гирифта шудаанд, нашр гардид.
Дар мақола маълумоти муфассал дар бораи таърихи пазироии якдилонаи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 14 декабри соли 2022 вобаста ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, рӯзи 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии пиряхҳо” ва таъсиси Бунёди хайриявии СММ барои мусоидат дар ҳифзи пиряхҳо оварда шудааст.
Ҳамзамон дар мақола иттилои ҳамаҷониба оид ба санаҳои доиршавӣ, мақсад ва пайомадҳои Конфронси дарпешистодаи сатҳи баланд бахшида ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дарҷ гардидааст.
