27 марти соли 2025 дар шаҳри Ашқобод, вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат, сарони мақомоти сиёсати хориҷии ду кишвар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар соҳаҳои мухталиф матраҳ намуда, оид ба дидгоҳи хеш дар мавриди идомаи шарикии мутақобилан судманд табодули афкор анҷом доданд.
Вазирон рафти татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ дар солҳои охир бадастомада ва андешидани чораҳоро дар доираи шарикии стратегӣ матраҳ намуданд.


