Мулоқот бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон оид ба фарҳанг, ВАО ва сайёҳӣ

26.03.2025 17:25

26 марти соли 2025 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои фарҳанг, васоити ахбори омма ва саёйҳӣ Сейидова Бахар баргузор гардид.

Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар соҳаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карда шуд. Ҷонибҳо оид ба имкониятҳо ва роҳҳои боз ҳам тақвият бахшидани додугирифти мутақобилаи байнифарҳангӣ ибрози андеша намуданд.

Дар ин робита, давом додани иштироки фаъоли ҳайатҳои ҳунармандони ду кишвар дар маҳфилҳову чорабиниҳои байналмилалии дар қаламрави Тоҷикистон ва Туркманистон баргузоршаванда таъкид карда шуд.

26-03.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg