Президенти Туркманистон аз дастархони Тоҷикистон дар Ашхобод дидан кард.

22.03.2025 15:28

22 марти соли 2025 дар шаҳри Ашхобод, дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, чорабинии "Таомҳои кишварҳои ҷаҳон" доир гардид.

Дастархони аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодашуда ба Президенти Туркманистон, муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов пешкаш карда шуд.

Ба Роҳбари Туркманистон таомҳои миллии мардуми тоҷик, номинаҳои либосҳои миллӣ, сангҳои нимқимматбаҳо, зарфҳои дорои нақшу нигори миллӣ ва баъзе анъанаҳои фарҳангӣ пешниҳод карда шуданд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва меҳмонони зиёд, намояндагони корпуси муқими дипломатӣ ва ашхоси расмии имкон пайдо намуданд, ки оши палови тоҷикӣ ва дигар таомҳои миллии мардуми тоҷикро бичашанд.

22-03-1.jpg

22-03-2.jpg

 

22-03-3.jpg

22-03-4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg