Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, бахшида ба таҷлили 30-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 ноябри соли 2024, бо иштироки ҳамватанони бурунмарзии кишвари иқомат, чорабинӣ баргузор кард.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо Алибек дар бахши аввал, дар оғози суханронии шодбошии худ, зикр кард, ки Конститутсияе, ки 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид, дар ҳақиқат, бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати озод ва рисолаи тақдири кишвар аст.
Сипас аз ҷониби Сафири Тоҷикистон нақши муҳимми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ, ҳимояи ҳадафу манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ва ба дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати озоди тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ табдил додани Конститутсия, таъкид гардид.
Дар анҷоми суханронӣ Сафири кишвар таъкид кард, ки 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони озод нерӯи тоза мебахшад.
Дар бахши дуюми чорабинӣ дар ҳошияи эълон шудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” котиби якуми Сафорат Бахтовар Муродӣ маърӯза кард.



