1 ноябри соли 2024 мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон хонум Бяшимова Мяхри доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон, хусусан дар чаҳорчубаи созмонҳои байналмилалӣ, мубодилаи афкор намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона сурат гирифт.
