4 октябри соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Гурбанов Ахмет баргузор шуд.
Дар мулоқот ҳамсӯҳбатон ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо ҳамкориҳои мусбат ва фаъолро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн таъкид намуданд.
