Иштироки сафир дар ҷаласаи 25-уми Шурои байниҳукуматии ҳамоҳангсози ИДМ

30.09.2024 12:46

16 сентябри соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо дар ҷаласаи 25-уми Шурои байниҳукуматии ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои тухмипарварии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гардид, иштирок намуд.

Ба рӯзномаи ҷаласа 15 масъалаи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи тухмипарварӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳа ва ғайра, дохил буданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg