21 июни соли 2024, дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Балкан, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо аз бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ боздид намуд.
Зимни шиносоӣ бо бандари баҳрӣ суҳбати сафир бо роҳбарияти он ҷиҳати ташкили ҳамкории пурсамар оид ба интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон, истифодаи ин бандар барои баромадан ба бозорҳои кишварҳои дигар ва ба роҳ мондани воридоту содироти маҳсулоти мухталифи Тоҷикистон сурат гирифт.

