21 майи соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо ректори Донишгоҳи технологияҳои муҳандисии Туркманистон ба номи Оғузхон Гурбанмират Мезилов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи маориф ва илм, тайёр кардан ва бозомӯзии мутахассисон, табодули таҷриба оид ба усулҳои муосири таълим ва тадқиқоти илмӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
