Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд

12.04.2024 22:37

Дар мулоқот раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода ва раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон, Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Туркманистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ бо раиси кумитаи Маҷлиси Туркманистон оид ба кор бо мақомоти намояндагии маҳаллӣ Мақсадбердӣ Қурбонов ва раиси кумитаи Маҷлиси Туркманистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Гуванчмират Агаев  вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Туркманистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Туркманистон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

https://khovar.tj/2024/04/dar-dushanbe-mulo-oti-vakiloni-parlumoni-to-ikiston-bo-namoyandagoni-turkmaniston-barguzor-shud/

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg