Вохӯрӣ бо сардабири рӯзномаи “Туркманистони бетараф”

04.03.2024 09:28

27 феврали соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо Алибек бо сардабири рӯзномаи «Туркманистони бетараф» Алимова Майя Ахмедовна баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи иттилоот баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон ҳамсуҳбатон доир ба вазъи муносибатҳои дуҷониба, инчунин дастовардҳои кишварҳо дар соҳаҳои гуногун табодули афкор намуданд.

Зимнан ба фаврияти иттилоотрасонӣ ва самаранокии рӯзномаи «Туркманистони бетараф» баҳои баланд дода шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg