9 январи соли 2024 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Гурбанов Ахмет барпо гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҳамсуҳбатон ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.
https://mfa.tj/tg/main/view/14144/vokhuri-dar-vazorati-korhoi-khorijii-turkmaniston
