22 декабри соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои фарҳанг ва ВАО хонум Меҳриҷамал Мамедова баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, сайёҳӣ ва васоити ахбори омма табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо аҳамияти густариши муколамаи фарҳангӣ ва башардӯстона миёни ду кишварро қайд намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо ба нафъи дӯстӣ ва ғановати муштараки фарҳангҳои ду кишвар, изҳор намуданд.
