Дар Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Туркманистон оғоз гардид

07.12.2023 09:56

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникии Тоҷикистон ва Туркманистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду ҷониб ба кор оғоз намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҳамраисии ҷониби Тоҷикистонро муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва ҷониби Туркманистонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ба уҳда доранд.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа таъкид гардид, ки давоми солҳои истиқлолият байни Тоҷикистон ва Туркманистон заминаи боэътимоди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳангӣ-гуманитарӣ ба вуҷуд омадааст, ки дар асоси ин дастовардҳо ҳамкории давлатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда шуд.

Дар ҷараёни кори Комиссия ду ҷониб оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи ёздаҳум, ки 9-10 ноябри соли 2022 дар шаҳри Ашқобод доир гардида буд, табодули назар намуданд.

https://khovar.tj/2023/11/dar-dushanbe-alasai-duvozda-umi-komissiyai-mushtaraki-to-ikiston-va-turkmaniston-o-oz-gardid/?fbclid=IwAR0wK6l36raaiQBg_FLK00lBtr7Fy7zvB1OiU0l6AiOf0orz1BAzdvmsu0M

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg