24 ноябри соли 2023 ба муносибати Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии кишвар дар Маҷаллаи илмию амалии кварталии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон «Сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Туркманистон» мақолаи «Дӯстӣ ва шарикии Тоҷикистон ва Туркманистон ба нафъи пешрафт ва шукуфоии муштарак» ба нашр баромад.
Дар мақола асосан таърих ва арзиши таҷлили ҷашнҳои муҳимми давлатии кишвар, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол, бахусус роҷеъ ба татбиқи ислоҳоти густурдаи сиёсию иқтисодӣ, дар бораи пешравиҳо дар соҳаи рушди иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, иқтидори обӣ-энергетикии кишвар, захираҳои табиию геологӣ ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, инчунин доир ба муваффақиятҳои кунунӣ ва дурнамои минбаъдаи густариши шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон интишор шудааст.
Дар мақола дарҷ гардидааст, ки ин ҷашнҳои муҳимми давлатӣ, ки ҳамасола дар моҳи ноябр таҷлил мешаванд, барои мардуми Тоҷикистон рӯйдоди назаррас буда, чун рамзи соҳибихтиёрӣ, арзишҳои демократӣ ва сохти конститутсионии давлат, ҳамчун минбари изҳори ифтихор ва меҳанпарастии миллат, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди тамоми тоҷикон, хидмат мекунанд.






