13 июли 2023 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо Алибек бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Туркманистон Бескостий Вячеслав Василиевич доир гардид.
Зимни мулоқот доир ба раванди кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар табодули афкор сурат гирифт.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён дошт.
