Иштироки Сафир дар муаррифии китоби «Бонки Исломии Рушд ва доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ. Таърихи институт ва роҳи Президенти он»

07.07.2023 18:19

6 июли соли 2023  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо Алибек дар маросими муаррифии китоби «Бонки  Исломии  Рушд ва доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ. Таърихи институт ва роҳи Президенти он», ки дар Донишкадаи равобити байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар маросим роҳбарон ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, Агентии нақлиёт ва алоқаи назди Девони Вазирони Туркманистон, Бонки давлатии ҳамкории иқтисодии хориҷии Туркманистон, як қатор вазорату идораҳо, омӯзгорон ва донишҷӯёни макотиби олии кишвари иқомат, инчунин роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла сохторҳои бонкӣ ва молиявии дар Туркманистон аккредитатсияшуда ширкат варзиданд.
Дар баромади худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода В.А. дар баробари иштирокдорон, роҷеъ ба таърихи Бонки Исломии Рушд, инчунин рушди ҳамкориҳои Бонки Исломии Рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.
Дар доираи муаррифии китоби «Бонки Исломии Рушд ва доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ. Таърихи интитут ва роҳи Президенти он», иштирокчиёни чорабинӣ инчунин аз намоишгоҳи лоиҳаҳо ва ҳамкориҳои муштараки Туркманистон ва Бонки Исломии Рушд дидан карданд.


 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg